ABNA24 – Яъқубалии Назарӣ дар ҷаласаи ҳамоҳангии баргузории шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе бар ҳузури пуррангтари Хуросони Разавӣ дар ин намоишгоҳ таъкид ва изҳор дошт: Заминаи ҳузури тавлидоти шохис ва муътабари Машҳад ва устон дар ин намоишгоҳ фароҳам шавад.
Вай афзуд, ҳузур ва баргузории чунин намоишгоҳҳое ба сӯрати табиии асароти фарҳангӣ ва сиёсии худро дар равобити ду кишвар бар ҷо хоҳад гузошт.
Шашумин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз 27 то 29 феврали 2022 дар шаҳри Душанбе бо рӯйкарди ҳимоят ва пуштибонӣ ва ҳазфи мавонеъи содирот баргузор хоҳад шуд.
Ин рӯйдод бо ҳузури ширкатҳои фаъоли тавлидӣ, санъатии хадамотӣ дар заминаҳои мухталиф бо ҳузури мақомоти расмии ду кишвар ифтитоҳ хоҳад шуд ва ин амр нуқтаи мусбате дар ҳимоят аз тавлидоти миллии Эрон ва иттисол ба шабакаи содирот ба кишварҳои Осиёи Миёна маҳсӯб мешавад.
342/